ЁДДОШТҲОИ САДРИДДИН АЙНӢ / ГУФТОРИ 1
Ин хона зи хишти кўҳна андохтаам, Дар вай ҷашне зи рафтагон сохтаам. То аҳли замони мо бидонанд, ки ман Як умр ҷавонӣ ба чӣ раҳ бохтаам. Муаллиф Аз бозе, ки ман ба даст қалам гирифта ба қатори нависандагони советӣ даромадаам, ният доштам, ки хотирот ва ёддоштҳои худро таҳрир намуда, ба хонандагон, хусусан ба бачагон ва ҷавонон, пешкаш намоям. Азбаски ёддоштҳоям ба бештарини роман, повест, очерк ва ҳикояҳои таърихиам ба сифати материалҳои асосӣ хизмат кардаанд, мумкин аст дар инҳо ҷоҳои фоидабарӣ барои ҷавонон бисёр ёфт шаванд. Чун ба фикри ман ёддоштнависӣ аз роман ва ҳикоянависӣ душвортар менамуд, ман ин корро ба бисёртар таҷриба пайдо кардани худ мавқуф гузошта будам. Зеро, чунон ки кас то зиндагонии гузаштаро покиза ба тарзи воқеӣ-реалӣ надонад, қимати зиндагонии имрўза – зиндагонии советии сотсиалистиро ба хубӣ тасаввур карда наметавонад, инчунин то касе дар сохтмони советӣ-сотсиалистӣ, хусусан дар адабиёти вай дуруст таҷриба пайдо накунад ва ин сохти зиндагиро комилан аз худ нанамояд, зиндагонии гузашта – зиндагонии феодалиро пурра ва ба тарзи воқеӣ-реалӣ тасвир карда наметавонад. Маълумоти бештарро аз гуфтори мазкур бишнавед!