ЁДДОШТҲОИ САДРИДДИН АЙНӢ / ГУФТОРИ 3
Деҳқонбачагон дар кашшукҳо ба харҳошон нурӣ бор карда оварда, вайҳоро дар заминҳои кишта шуданӣ мерехтанд ва дар бозгашт харҳои аз бор халос шудаашонро савор шуда бо ҳам пойга мемонданд ва хартозӣ мекарданд. Ман рост ба лаби рўд рафтам, ки дарахтҳои канори вай аз пеши ҳавлии мо намуда меистод. Дар ин тараф – дар тарафи ҷануби рўд касе набуд, фақат бар шохҳои дарахтони бед, ки нав сабзимадон10 баста буданд, фароштурукон ва гунҷишкон нишаста хониш мекарданд ва хониши онҳо ҳам монанди ҳавои он ҷо ба кас мефорид. Маълумоти бештарро аз гуфтори мазкур бишнавед!