ЁДДОШТҲОИ САДРИДДИН АЙНӢ / ГУФТОРИ 2
Қурбонниёз ном тағоиям, ки як ҷавони тануманд буд, дарњол ба дарахт печида боло баромад, аввал акаамро ва баъд аз он Эргашро аз шохҳо ҷудо карда ба поён овезон кард, дигарон онҳоро ба рўи даст гирифта бар замин ниҳоданд, аммо нагузоштанд, ки онҳо гурезанд ва рост бурда ба хонаи ҷанубӣ дароварданд. Аммо ман бо ғуруре, ки аз таърифи падарам дар дилам пайдо шуда буд, ба тарафи суффа – ба пеши нақораи худ давидам, чунки ҳамин нақора сабаби ифтихори ман шуда буд. Маълумоти бештарро аз гуфтори мазкур бишнавед!