G
enby!

Маъюбон қисми 7 | Синдроми дауна ва аутизм | Saliheen

Қурбонова Хосият — зани қавиест, ки тамоми дарду ранҷҳои зиндагиро пушти сар мекунад. Ӯ модари чаҳор фарзанд аст: писараш бо синдроми Дауна, духтараш бо аутизм ва ду нафари дигар ноболиғанд. Оила танҳо аз нафақаи ночиз рӯз мегузаронад. Шавҳараш онҳоро танҳо гузошта, ба Русия рафт, дар он ҷо оиладор шуд ва дигар даҳсолаҳо барнагашт. Бо вуҷуди ҳамаи ин, апаи Хосият дар рӯзҳое, ки фарзандонаш дар хона ҳастанд, ба корҳои тозакорӣ меравад, то як пора нони ҳалол барои онҳо пайдо кунад. Зиндагии ӯ пур аз ғаму ғусса аст, аммо ба ҳамааш сабр мекунад. Бо фазли Аллоҳи меҳрубон ба ӯ 15 000 сомонӣ закот дода шуд ва хароҷоти таҳсили фарзандонаш низ ба уҳда гирифта шуд. Аллоҳ аз мову шумо қабул гардонад.

Смотрите также