G
enby!

Маъюбон қисми 5 | Дасту пои бе ҳаракат | Saliheen

Салимова Майрам, зани 65-сола, солҳои зиёд аст, ки бо бародар ва янгааш зиндагӣ мекунад. Бо вуҷуди бемориҳои вазнин ва чандин ҷарроҳӣ, аз ҷумла бардоштани санги талхадон ва гузоштани эндопротез ба пояш, ӯ то ҳол маҷбур аст кор кунад. Баъдан ӯро мошине мезанад ва ҳоло пои дигараш низ шадидан дард мекунад ва барои гузоштани эндопротез ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ ниёз дорад. Маоши ками 600-700 сомонӣ танҳо барои хӯрок мерасад, на барои табобат. Марям ҳар рӯз бо чигас, дарди тоқатфарсо ва чеҳраи пур аз сабр ба кор меравад, то зиндагиро ба ҳар қимат идома диҳад. Бо фазли Аллоҳи меҳрубон ҷарроҳии ӯро ба души худ гирифтем ва масрафи ҷарроҳиро пурра пардохт мекунем. Дуо мекунем Аллоҳи меҳрубон ба Апаи Марям шифои комил ато фармояд.🤲 Аллоҳ аз мову шумо қабул гардонад.🤲 Латифов Аскаршо, марди боору номус, соли 1962 ба дунё омада, баъди садама ва беморӣ пойҳояш куллан аз кор монданд. Бо вуҷуди маъюбии гуруҳи якум ва зиндагии сахт, ҳамеша бо сабру шукргузор буда, панҷ вақт намозашро адо мекунанд. Писар дар кори фурӯшандагӣ аст, ки ҳамагӣ 40–50 сомонӣ дар рӯз меорад ва ин ҳатто барои доруҳои падар басанда нест. Солҳо аст, ки Аскаршо бо аробаи маъюбӣ назди дар мешинад ва орзу дорад рӯзе ба масҷид равад, аммо роҳҳои душвор ва дурӣ монеъ мешаванд. Бо вуҷуди ин, ӯ шоирест, ки бо шеърҳои пурмазмунаш ба мардум ибрат ва рӯҳбаландӣ мебахшад. Бо фазли Аллоҳи меҳрубон ба ӯ сечархаи электронӣ туҳфа намудем, ки ба масҷит рафта, охираташонро обод сохта бошанд. Аллоҳ аз мову шумо қабул гардонад.🤲 Нозим — марде, ки бо як дасти протез ва пои шикаста, базӯр роҳ меравад, аммо рӯҳаш ҳеҷ гоҳ шикаста нашудааст. Ӯ падари меҳрубони як фарзанд аст, ки дар миёни сахтиҳои зиндагӣ умедро аз даст намедиҳад. Нозим дар стаянка пулчин шуда, рӯзона ҳамагӣ 50–100 сомонӣ ба даст меорад, он ҳам на ҳамеша. Модарашро барвақт аз даст додааст ва орзу дорад, ки як мошин дошта бошад, то бо меҳнати ҳалол зиндагии оилаашро беҳтар созад. Бо фазли Аллоҳи меҳрубон мо барояш мошин туҳфа кардем то зиндагияшро пеш барад. Аллоҳ аз мову шумо қабул гардонад.🤲🏻 Салимова Майрам — 65-летняя женщина, уже много лет живёт с братом и невесткой. Несмотря на серьёзные болезни и несколько операций, включая удаление камней из желчного пузыря и установку эндопротеза на ногу, она до сих пор вынуждена работать. Недавно её сбила машина, и теперь вторая нога сильно болит; для установки эндопротеза стоимостью 40 000 сомони ей нужны средства. Низкая зарплата в 600–700 сомони едва хватает на еду, а на лечение — нет. Каждый день Марям идёт на работу с болью, терпением и стойким выражением лица, чтобы любой ценой продолжать жизнь. С милостью Милостивого Аллаха мы взяли на себя оплату её операции полностью. Молимся, чтобы Милостивый Аллах даровал Апаи Марям полное исцеление. 🤲 Пусть Аллах примет это от нас и от вас. 🤲 ⸻ Латифов Аскаршо — порядочный мужчина, родился в 1962 году. После аварии и болезни его ноги полностью потеряли работоспособность. Несмотря на инвалидность первой группы и трудную жизнь, он всегда остаётся терпеливым и благодарным, совершает пять ежедневных молитв. Сын работает продавцом и зарабатывает всего 40–50 сомони в день, чего едва хватает на лекарства для отца. Много лет Аскаршо сидит в инвалидной коляске возле дома и мечтает однажды попасть в мечеть, но трудности и расстояние мешают. Несмотря на это, он поэт, чьи глубокие стихи вдохновляют людей. С милостью Милостивого Аллаха мы подарили ему электрическую инвалидную коляску, чтобы он мог посещать мечеть и поддерживать своё духовное развитие. Пусть Аллах примет это от нас и от вас. 🤲 ⸻ Нозим — мужчина, который едва ходит с протезом руки и сломанной ногой, но его дух никогда не был сломлен. Он любящий отец одного ребёнка, который не теряет надежды даже среди жизненных трудностей. Назим работает сборщиком платы на парковке, зарабатывая всего 50–100 сомони в день, и то не всегда. Мать он потерял ещё в детстве и мечтает иметь собственную машину, чтобы честным трудом улучшить жизнь своей семьи. С милостью Милостивого Аллаха мы подарили ему машину, чтобы он мог уверенно двигаться вперёд в жизни. Пусть Аллах примет это от нас и от вас. 🤲

Смотрите также