G
enby!

«Мо чунин ҷавобро интизор надоштем…» | «Мы не ожидали такого ответа...» | Saliheen

Дар дунёи онҳо ҳар лаҳза ранги дигар дорад. Яке ба осмон менигарад — гӯё бо ситораҳо суҳбат дорад. Яке фарёд мезанад — то дилашро бишунаванд. Яке ба девор нигоҳ мекунад — дунёи хомӯши худро дорад. Яке бо бозичааш машғул аст — шодии хурди худро меофарад. Ин ҳама рафторҳо маънои он доранд, ки онҳо ҷаҳонро бо роҳи худ эҳсос мекунанд. Биёед онҳоро қабул кунем ва дӯст дорем ❤️ Абдусалом писараки 21-сола буда, ҳолати синдроми Даун дорад. Ӯ бисёр хушҳол ва хушчақчақ аст. Одамони дорои чунин ҳолат, баръакс, нисбат ба дигарон ду карат меҳрубонтаранд ва агар бо онҳо дуруст ҳамкорӣ карда шавад, бисёр чизҳоро метавонанд омӯзанд. Абдусалом ба варзиш шавқ дорад ва хеле мехоҳад инсони комил бошад. Бо фазли Аллоҳи меҳрубон ба ӯ миқдоре туҳфаи пулӣ тақдим карда, инчунин утоқи варзишии муассисаи ӯро бо таҷҳизот таъмин намудем, то ки аз рушд қафо намонад ва ба варзиш машғул гардад. Меҳрубонӣ амале аст, ки на танҳо дили инсонро шод мекунад, балки роҳи ба ҷаннат бурданро ҳам ҳамвор месозад. Аллоҳ аз мо ва шумо қабул гардонад.

Смотрите также