«Хонаамон дару тиреза надорад»|«В нашем доме нет ни дверей, ни окон»
«Хонаамон дару тиреза надорад» «В нашем доме нет ни дверей, ни окон» ✉️ Нобино (сустбин) ✉️ Ҳамаи аъзои хонавода нобино ё сустбинанд ✉️ Падараш вафот кардааст ✉️ Хонаи онҳо дар ҳолати садамавӣ қарор дорад Сумая — духтари синфи дуюм аз ноҳияи Вахш аст. Ӯ бо дили хаста ва чашмони нобино зиндагиро эҳсос мекунад. Аз оилаи нобиноён аст: модараш ва хоҳаронаш низ нобино ва сустбинанд. Падарашон муддатҳо қабл вафот кардааст. Орзуи Сумая танҳо доштани як радиочаи хурдакак ва хонаи ободу амн аст. Маълумаст, ки онҳо дар хонае зиндагӣ мекунанд, ки ҳатто болопӯши дуруст надорад ва духтарак рӯи хок мехобад. Бо дили кӯчакаш зуд гиря мекунад — шояд аз дарде, ки касе то охир дарк намекунад… Бо фазли Аллоҳи меҳрубон, мо хонаи онҳоро пурра таъмир кардем: — дару тирезаҳо насб гардиданд, — кондитсионер ва телевизор часпонда шуд, — хона пурра ҷиҳозонида шуд, — кӯдакон аз муоинаи духтур гузаронида шуданд, — барои бозии онҳо ҳавзи кӯдакона харидем, — гирди хона бо 40 метр забор иҳота кардем. Аллоҳ аз мо ва шумо қабул фармояд.