САФЕДДАРА. SAFEDDARA 2025
Мавзеи Сафеддара дар 60 км шимолтар аз пойтахти мамлакат -шаҳри Душанбе ва 20 км дуртар аз шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб ҷой гирифтааст. Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафеддара» ба як мавзеи воқеан дилфиреби истироҳатию фароғатӣ ва машқу тамрингоҳи намудҳои гуногуни варзиши зимистона табдил ёфтааст. Маҷмаа дорои инфрасохтори зарурии замонавӣ буда, дар он барои баргузории мусобиқаҳои зимистона ва истироҳату фароғати меҳмонону сокинони мамлакат тамоми шароит муҳайёст. Дар ибтидо сайёҳони мо ба варзиши зимистонаи Конки машғул гардиданд. Асосан, ин навъи варзиши зимистона ба саломати таъсири мусбат дошта мушакҳои пойро мустаҳкам мегардонад. Дар идомаи сафар ҳайати хатсайри мо аз роҳи танобӣ истифода бурда ба боло баромаданд. Стансияи поёнии ин роҳи танобӣ дар баландии 2590 метр аз сатҳи баҳр ва стансияи болоӣ дар баландии 3020 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Дарозии хати роҳи танобии дуюм 1600 метр буда, аз 21 кабина иборат мебошад. Дар маҷмуъ дарозии ҳарду роҳҳои танобӣ 3600 метрро ташкил дода, 42 кабина дорад. Дар маҷмаа мутахассисони ботаҷрибаи соҳаи варзиши зимистона, мураббиёну роҳбаладон барои муаррифии мавзеъ ва дигар ҳайати хизматрасон, ки барои фароғати сайёҳону меҳмонон дар сатҳи олӣ хизмат мерасонанд, фаъолият доранд. Иштирокчиёни хатсайри сайёҳӣ сипас бо шароити ин мавзеи варзишию сайёҳӣ, аз ҷумла, тарабхонаю марказҳои савдо ва мавзеъҳои лижаронию барфгардӣ ошно шуда, аз хизматрасонии тамоми таҷҳизоту воситаҳои варзишию дилхушии мавзеъ истифода намуданд. Хулоса, метавон гуфт, ки Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафеддара» ба мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ буда, ҳамарӯза дар ин ҷо ба даҳҳо сайёҳи дохилу хориҷӣ дар сатҳи баланд хизмат расонида мешавад. Иштирокчиёни хатсайри мазкур ба тамоми хизматрасони ин мавзеъи сайёҳи ошно гардида хоҳиши дубора ба ин макон омаданро карданд.