G
enby!

Чойхонаи Сайёҳ

Дар даврони истиқлолияти давлатии ҶТ дар шаҳри Душанбе маконҳои истироҳату фароғат, тарабхонаҳо, чойхонаҳо барои сокинону меҳмонон ва сайёҳони дохиливу хориҷи кишвар хеле зиёд гаштаистодаанд. Яке аз он маконҳо чойхонаи Сайёҳ ба ҳисоб меравад, ки аз як тараф бо фазои тоҷикона ва нақшу нигори милли ва аз тарафи дигар бо меҳмоннавозии худ дили садҳо сокинон, меҳмонон ва сайёҳонро тасхир намудааст. Чойхонаи Сайёҳ ба мизоҷони худ ҳамаруза хурокҳои милли ва аврупои пешниҳод карда, дар баробари ин бо хизматрасонии сатҳи олии худ теъдоди сайёхонро ба ин макон зиёд мегардонад. Толори якуми чойхонаи Сайёҳ тарабхонаи Асадо ном гирифтааст, ки мизоҷон бештар дар ин толор хурокҳои турки истеъмол менамоянд. Ин толор бо нақшунигор ва услуби хоси тоҷики ва турки таҳрези гаштаи худ аз дигар маконҳои ин чойхона ба кулли фарқ мекунад. Як сарошпази турк ва якчанд зердастони он махсус дар толори мазкур ба мизоҷон хизматрасони менамоянд. Саҳни чойхонаи сайёҳ бо табиати зинда ва шаршарае ки табъи шахсро болида мегардонад ородода шудааст. Аслан ин макон бо табиати нотакрори худ аз дигар чойхонаҳо ба кулли фарқ мекунад. Меҳмоҳнон ва сайёҳон метавонанд дар инчо ба мохижори машгул гардида, мохихои доштаи худро ба сарошбаз дихан то у мувофики табъу завки онхо онро омода намояд. Инчунин саҳни чойхонаи мазкур бо хаймаҳои зебо, катҳои дар лаби об ва утоқҳои бо накшу нигори милли чудо карда шудааст, ки ҳар як шахс метавонад бо табъу завқи хеш маконро интихоб намояд. Масъулини чойхонаи сайёҳ ба мо итилоъ доданд ки дар толори мазкур меҳмонон ва сайёҳон метавонанд ба рассоми низ машғул шаванд. Ошиёнаи дуюми чойхонаи мазкур бо катҳо, мизу курси ва утоқҳо ҷудо карда шуда, аз дигар ҷойҳои ин макон бо тарзу услуби хоси таҳрезигаштаи худ фарқ мекунад. Дар чойхонаҳои Сайёҳ ба ғайр аз чойнуши боз хурокҳои гарм навъҳои гуногуни шурбо, оши палов, қурутоб ва дигар хурокҳои милли ва аврупоиро пешкаш мекунанд. Ҳамаруза саёҳони зиёде барои тановули хурок ва чойнуши ба ин макон ташриф меоранд.

Смотрите также