G
enby!

Кули Париён - Pariyon Lake - Озеро Пайрон

Бо фарорасидани фасли тобистон, мавсими сайру саёҳат низ оғоз мегардад. Имрӯзҳо ташрифи саёҳон ба кишвари мо хело зиёд гаштааст ва аз ин фурсати муносиб истифода бурда ширкатҳои саёҳи Хатсайрҳои худро ба тамоми гӯшаву канори кишвар ташкил намуда, сайёҳонро аз мавзеҳои дидании кишвари азизамон ошно мегардонад. Бо ташабуси ширкати сайёҳии Дургард бо ҳамроҳи як гуруҳ сайёҳоҳони дохиливу хориҷи кишвар ба мавзеи сайёҳии Кули Париён раҳсипор шудем. Бештари ҷаҳонгардони хоричи барои он Тоҷикистонро барои сайру сайёҳат интихоб мекунанд ки аз куҳҳои сарбафалак кашида, дарёҳо ва чашмаҳои ширини ин диёри зебоманзари мо дидан намуда аз бодуҳавои форам лазат баранд ва як сайру сайёҳати хотирмон дошта бошанд. Имруз сайру сайёҳати мо аз баронмаҳои пешин бо он фарқ дошт ки барои расидан ба кули Париён тақрибан 12 киламетрро тай намудем. Аз ҳар маконе гузар мекардем роҳбалад ба иштирокчиёни хатсайри мазкур маълумотҳои муфид медод ва дар баъзе маконҳо барои мондагиро раф кардан каме истироҳат намуда бо ҳам суҳбатҳо мекардем. Мавзеи сайёҳии Кӯли Париён дар натиҷаи канда шудани кӯҳпора ва банд шудани маҷрои яке аз шохаҳои чапи дарёи Қаратоғи ноҳияи Шаҳринав ба вуҷуд омадааст. Атрофи кӯл хушманзара буда, истироҳатгоҳи сайёҳон мебошад. Бодуҳавои салқин ва оби хунуки кул ба кас ҳаловати дигареро зам мекунад. Замони расидан ба кули Париён вакти хуроки нисфирузи фаро расида буд. Иштирокчиёни хатсайри мазкур ба омода намудани шашлик машғул гардиданд. Баъдан якҷоя нишаста оиди ин мавзеи сайёҳи ки дили садҳо ҷаҳонгардонро тасхир намудааст суҳбат карда хуроки нисфирузиро истеъмол намудем. Баъд аз хуроки нисфирузи сайёҳони мо хоҳиши оббози пайдо намуда дар кули Париён ба оббози машғул гардиданд. Табаит ва манзараҳо басо ҷазоб буданд, қисмати зиёди ҳамсафарони мо, ки бори авал аз ин ҷойҳо дидан мекарданд, дилканданашон аз ин макони хушбоду ҳаво басо мушкил буд, вале бо таъсуроти зиёду хотироти рангин ва акси хотирави сайру сайёҳатамонро ба анҷом расонидем.

Смотрите также