G
enby!

ЁДДОШТ БАРОИ ДОВТАЛАБОН!

Довталабони гиромӣ! Даври асосии Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар доираи қисми А – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ (синфи 11‑ум) ва қисми Б – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9‑ум) аз 1-ум то 7-уми июл дар марказҳои имтиҳонии шаҳру ноҳияҳои интихобшуда баргузор мегардад. Риояи шарту талаботи барои имтиҳонҳо муқарраршуда, аз ҷумла инҳо, барои довталаб ҳатмист: 1. шиноснома ё маълумотнома бо муҳру сурат аз ШВКД – барои шахсоне, ки синнашон ба 16 расидааст (барои шахсони то 16-сола – шаҳодатномаи таваллуд ва маълумотнома бо муҳру сурат аз ҷойи зист); 2. даъватнома; 3. 2 дона ручкаи одии рангаш сиёҳ. 4. Инчунин довталаб метавонад бо худ оби нӯшокӣ дар зарфи шаффоф биёрад. Овардани ашёи зерин қатъиян манъ аст: ҷузвдон, китоб, дафтар, ҳар гуна навиштаҳо ва маводди иттилоотӣ; телефони мобилӣ, соат ва таҷҳизоту воситаҳои дигари алоқа ва ҳисоббарор ва ғайра .

Смотрите также