ИХТИСОСРО ЧӢ ГУНА БОЯД ИНТИХОБ КАРД?
Интихоби дурусти ихтисос барои ҳар як шахс муҳим ва ҳатто тақдирсоз аст, бинобар ин, дар интихоби ихтисос таваҷҷуҳи зиёд бояд кард. Ҳангоми интихоби ихтисос ба эътибор гирифтани якчанд омил зарур аст. Пеш аз ҳама, довталаби азиз, бояд хуб биандешед, ки аз ин касб чӣ мехоҳед ва аз он чиро интизоред, дар кадом соҳа фаъолият ба Шумо бештар писанд аст ва касбу кори Шумо ба тарзи ҳаётатон чӣ таъсире расонида метавонад? Оё аз ин касбу ихтисос қаноатманд хоҳед шуд? Он воситаи таъмини рӯзгоратон мешавад ё не?...