G
enby!

"ТОҶИКОН"-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ (ШАРҲИ МУХТАСАР) / ГУФТОРИ 61

«Тоҷикон» — асари таърихии Бобоҷон Ғафуров, ки нахуст ба русӣ (М., «Наука», 1972) ва сипас ба тоҷикӣ (Д., «Ирфон», ҷ. 1, 1983, ҷ. 2, 1985) чоп шудааст. Таърихи қадимтарин, қадим ва асримиёнагии мардуми тоҷик дар нашри русӣ то миёнаи қарни 18 (дар нашри тоҷикӣ то соли 1917)-ро дар бар мегирад.Бобоҷон Ғафуров дар заминаи таърихи миллӣ соли 1948 рисолаи мухтасаре таҳти унвони «История таджикского народа в кратком изложение»[2] ба табъ расонд ва дар замони директори Институти шарқшиносии ИҶШС буданаш, ба таҳқиқоти тоҷикшиносӣ бештар машғул шуда натиҷаи пажӯҳиши чандинсолаашро дар китоби муфассали «Тоҷикон» ҷамъбаст кард[3]. Бобоҷон Ғафуров дар таълифи китоби «Тоҷикон» беш аз 2000 сарчашма, монография, брошюра ва мақолаҳои илмиро ба кор бурдааст, ки 367 адади он навиштаи донишмандони хориҷӣ мебошад.

Смотрите также