"ИШҚИ НОТАМОМ"-И ДОРИЮШ РАҲИМЗОДА ГУФТОРИ 1
“Ишқи нотамом” дар жанри повест иншо шуда, аз ду қисм иборат мебошад. Он ҳодисаи воқеиеро дар бар мегирад, ки дар солҳои аввали ҳокимияти Советӣ рух додааст. Онро муаллиф дар овони наврасӣ аз дўстони бобояш шунида, баъдан ҷузъиёташро дар ҷавонӣ аз иштирокдорони ин ҳодиса, аз мўйсафедон - қаҳрамонони аслии ин саргузашт пайгирӣ ва муайян кардааст.