Оғози сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод
30 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум бо сафари корӣ ба ноҳияи Файзобод ташриф оварданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ноҳияи Файзобод аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавот, анвои гуногуни меваҳои тару хушк, маҳсулоти консервашуда, полезӣ ва ғалладонагию лӯбиёгиҳо, ки дар кишти тирамоҳию баҳорӣ ва такрорӣ бо истифода аз обу ҳавои мусоид, замини ҳосилхез ва тухмиҳои хушсифат ба даст омадаанд, дидан намуданд.