Дарр деҳаи Дӯстии деҳоти Кангурт Мактаби президентии ноҳияи Темурмалик ба истифода дода шуд
2 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум бо сафари корӣ ба ноҳияи Темурмалик ташриф оварданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар деҳаи Дӯстии деҳоти Кангурт Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро, ки аз ҷониби соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ бародарон Шамсулло ва Маҳмадзоҳир Соҳибовҳо бунёд шудааст, ифтитоҳ намуданд. Аслан ин муассисаи таълимӣ барои таҳсилоти миёнаи умумӣ пешбинӣ шуда буд, вале бо назардошти он, ки дар сатҳи баланд ва бо сифати хуб сохта ва муҷаҳҳаз карда шудааст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити таълимӣ дастур доданд, ки он ба Мактаби президентӣ барои ҷамоатҳои деҳоти Кангурт ва Ҳусейнободи ноҳияи Темурмалик табдил дода шавад. Тибқи супориши дигар ҳамаи омӯзгорону хонандагон бояд тариқи озмун қабул карда шаванд. Ҳамчунин, дастур дода шуд, ки дар назди Мактаби президентӣ барои 400 хонанда хобгоҳ ва барои 200 кӯдак муассисаи таҳсилоти томактабӣ низ сохта шавад.