G
enby!

ЁДДОШТҲОИ САДРИДДИН АЙНӢ / ГУФТОРИ 9

Падар ана ҳамин одамро ба ман нишон дода: – Ҳамин кас аст домуллои акаат, – гуфт ва илова намуд, ки одами бисёр калон, олими гузаро, донишманди бузург ва шоири забардаст аст. Ман ба ин тавсифи падарам шубҳа карда пурсидам: – Шумо ин касро «одами бисёр калон ва олими гузаро» гуфтед ва њол он ки қади ин кас он қадар баланд не ва саллаашон њам аз саллаи имоми мо хурд аст-ку? – Калонии одам бо қаду қоматаш ва олимии ў бо саллааш муайян намешавад, – гуфт падарам дар ҷавоб ва илова намуд:– бисёртарини муллоҳои камилм саллаҳошонро калон мебанданд, ки авом онҳоро дида фиреб хўрад ва муллои калон донад. Аммо одами доно ва муллои дуруст саллаашро хурд мебандад ва калонии ин гуна олимро илму донишаш нишон медиҳад. Маълумоти бештарро аз гуфтори мазкур бишнавед!

Смотрите также