ДОВТАЛАБ КАЙ ВА ЧӢ ТАВР БОЯД АЗ ҚАЙД ГУЗАРАД?
Иштирок дар ИМД барои ҳама ихтиёрист. Марҳалаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2023 аз 1‑уми март то 30-юми апрел дар нуқтаҳои бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои интихобшудаи ҷумҳурӣ сурат мегирад. Дар низоми ИМД ба довталаб ҳуқуқ дода мешавад, ки баъди бақайдгирӣ маълумоти инфиродӣ ё интихобҳояшро дар марҳалаи азнавбақайдгирӣ (бозномнависӣ) тағйир диҳад. Азнавбақайдгирии довталабоне, ки дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ (аз 1‑уми март то 30-юми апрел) номнавис шудаанд, дар ду марҳала – асосӣ ва иловагӣ гузаронида мешавад. Вобаста ба ин, ба чунин довталабоне, ки маълумоти инфиродӣ ё интихобҳояшонро тағйир додан мехоҳанд, зарур аст, ки дар марҳалаи асосӣ ё иловагии азнавбақайдгирӣ худро аз нав сабти ном кунанд. Довталаб барои аз нав номнавис шудан дар марҳалаи асосии азнавбақайдгирӣ, ки ҳамзамон бо марҳалаи асосии бақайдгирӣ, яъне аз 1‑уми март то 30-юми апрел мегузарад, ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва расидро дар бораи пардохти маблағи иловагӣ бояд пешниҳод кунад. Барои ин довталаб ба нуқтаи бақайдгирие, ки дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ худро дар он сабти ном кардааст, бояд ҳозир шавад. Марҳалаи иловагии азнавбақайдгирӣ, ҳамзамон бо марҳалаи иловагии бақайдгирӣ, барои довталабоне, ки хоҳиши иваз кардани гурӯҳи ихтисосҳо ва (ё) комбинатсияҳои ихтисосҳо ё маълумоти дигарро доранд, аз 10-ум то 30‑юми июн дар нуқтаҳои бақайдгирии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои дигари интихобшуда бо пардохти маблағи пурраи бақайдгирӣ ба роҳ монда мешавад.