ДАВРАИ ДУЮМИ БАҚАЙДГИРӢ ВА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ ДОВТАЛАБОН БАРОИ ИШТИРОК ДАР ИМД-2023
Ба таваҷҷуҳи шахсони хоҳишманди иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2023, ки худро дар давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирӣ (аз 1-уми март то 1-уми май) номнавис карда натавонистаанд, расонида мешавад, ки давраи дуюми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои мазкур аз 10-ум то 30‑юми июн аст. Давраи дуюми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2023 дар нуқтаҳои бақайдгире, ки дар заминаи муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Хоруғ, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Данғара ва Рашт ташкил карда мешаванд, ба роҳ монда мешавад.