Маъюбон қисми 1 | Орзуи кӯдаки нобино | Saliheen
Кӯдакистони махсусгардонидашуда барои кӯдакони нобино ва сустбин Ин муассиса 155 нафар тарбиятгиранда дорад. Муолиҷа, ҷойи хоб, хӯрок ва дигар хизматрасониҳо дар ин ҷо ройгон пешниҳод мешаванд. Бо вуҷуди ин, муассиса ба баъзе таҷҳизоти зарурӣ ниёз дошт. Бо фазли Худои меҳрубон, мо тавонистем таҷҳизотҳои лозима ва 3 моҳа хӯрока, телевизору кондиционер, ва мошинаи ҷомашӯи ҳамаи гуруҳҳоро бо қолинҳо ва бозичаҳо таъмин карда дилҳои хоҳарону додарони азизи худро шод гардонидем. Имрӯз ҳар яке аз мо метавонад як порчаи муҳаббатро тақдим кунад. Ҳар кӯмак — сабаби хурсандии як дил аст Пайғамбар ﷺ мефармоянд: “Худованд дар ёрии банда аст, то даме ки банда дар ёрии бародари худ бошад” (Саҳеҳ Муслим,2699) Аллоҳ аз мову шумо қабул фармояд.