ХОНИ АДАБ: Дар асоси ашъори Мӯъмин Қаноат
Мӯъмин Қаноат - шоир, ходими давлатӣ, Шоири халқии Тоҷикистон. Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1991), Дорандаи Ҷоизаи давлатии ИҶШС (1977), Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ(1980). Зиндагинома Устод Мӯъмин Қаноат 2 майи соли 1932 дар деҳаи Курговад дар Дарвоз дар хонаводаи кишоварз ба дунё омадааст. Таҳсилоташро дар мактаби рустояш фаро гирифта, сипас дар колхоз кор кардааст. Нахустин ашъораш дар поёни даҳаи 40-уми садаи бист дар рӯзномаи вилоятии Ғарм чоп шудаанд. Вай соли 1956 бахши забоншиносии тоҷикӣ дар донишкадаи ториху забоншиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст. Солҳо дар ҳайъати таҳририяи маҷаллаи «Садои Шарқ» кор карда нахуст масъули бахши назм, сипас дабири масъули маҷалла буд. Чанд замоне ҳам сарвиростории нашриёти «Ирфон» -ро бар зимма дошт. Аз соли 1961 то соли 1991 узви Иттиҳодияи нависандагони ИҶШС буд. Мудири шӯъбаи назм, котиби масъули маҷаллаи «Садои Шарқ» (1956—1966), муовини раиси Садорати ИНТ (1968—1976), аз 1976 то 1991 котиби якуми Раёсати Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон буд. Директори Институти осори хаттии АИ ҶТ (1991). Раиси Кумитаи корҳои байналхалқии Шӯрои Олии ИҶШС (1991). Замоне узви Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ (аз 1962 то оғози даҳаи 1990), узви Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон. Намояндаи халқии ИҶШС (1989—1991)(иҷлосияи X—XI), котиби Раёсати Иттиҳоди нависандагони ИҶШС, раиси Кумитаи тоҷикистонии пуштибонӣ аз сулҳ, узви Кумитаи ҷоизаҳои ленинӣ ва давлатӣ дар бахши адабиёт, ҳунар ва меъморӣ, узви Кумитаи Шӯравии ҳамдилӣ бо кишварҳои Осиё ва Африко буд. Мӯъмин Қаноат нимаи дуюми рӯзи 18 майи соли 2018 дар манзилаш дар маҳаллаи Ҳаёти нав ш Душанбе вафот кард. Маросими дафни Мӯъмин Қаноат рӯзи 19 май доир гардид ва дар Лучоб ба хок супорида шуд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оила ва наздикону пайвандони Мӯъмин Қаноат нисбати марги ӯ изҳори таслият кардааст.