Дарунравии кӯдакон ва роҳҳои пешгирии он
Имрӯзҳо шумораи зиёди кӯдакон аз дарунрав, дизертерия ва дигар бемориҳои сироятии рӯдаву меъда азоб мекашанд. Ба мақсади пешгирии сироятёбии кӯдакони дигар ва кӯмак ба волидоне, ки фарзандашон бемор аст, мо дар барномаи “Шифо” бо табиби кӯдаконаи Маркази тиббии “Шифобахш” Воҳид Мирзоев дар боби дарунравии кӯдакон ва роҳҳои пешгирию табобати он сӯҳбати судманде оростем. Чаро маҳз дар фасли тобистон кӯдакон ба дарунрав гирифтор мешаванд? Вақте ки кӯдак дарунрав мешавад, модар бояд чӣ кор кунад? Дарунрав чанд намуд мешавад ва чӣ хатарҳо дорад? Ба кӯдаки бемор мева ва обҳои газнок додан мумкин аст? Барои пешгирии бемориҳои рӯдаву меъда чи бояд кард? Ба ин ва дигар саволҳо аз сӯҳати табиб посух гирифта метавонед.