Иммунизатсияи духтарон-роҳи беҳтарини пешгирии саратон
Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 1 то 31-уми октябр дар саросари кишвар маъракаи иммунизатсионии оммавӣ бар зидди вируси папилломаи одам барои духтарони синни 10-14-сола гузаронида мешавад. Ҳадаф аз иммунизатсия чист ва ба духтарон кадом намуди воксина гузаронида мешавад? Дар барномаи навбатии "Солимӣ" мутахассисони соҳаи тиб ба ин саволҳо ҷавоб медиҳанд.