G
enby!

Трилече - Яке аз Беҳтарин Шириниҳои Туркӣ

8д тухм 2ст шакар 1пиёла оби ширгарм 2ст орд 2д разрихлител 2д ванелин Маҳсулоти крем 4,5ст шир 2д крема Ним ст шакар Маҳсулоти карамел 1ст шакар 50г маска 200гр крема Ин ширини бояд мулоимак биояд аз ҳамин хотир ширашро бисёр мерезем. Агар листи шумо майда бошад миқдори, маҳсулотро кам кунед, мисол 8д тухм нею 5д тухм андозед. Шакаро 1ст андозед. Лекин агар хоҳед ки триличаи шумо мисли триличаи ҳақиқӣ биояд пас, ҳамин ретсепи маро кунед аҷоибот болаззат меояд. Зарди ва сафедии триличаро алоҳида, лад мезанем. Баъд ба зардии тухм Шакаро илова мекунем, баъд обро илова мекунем, охирон орд ва разрихлител ванелинро ҳам лад мезанем, баъд сафедии тухумро омехта мекунем, Дар тафдон дар 160С ~40дқ меистад Крема ва ширро бо ҳамдигар омехта мекунем, баъ бисквит, ки хунук шуд кремро мерезем, дар холоделник 4ё5 соат дам мегирад, баъд карамели болои тортро тайёр мекунем. Шакарро мерезем оташро паст мекунем, ва мекобем, ки насузад, карамел бисёр нозук аст тез сухтанаш мумкин, аз ҳамин хотир оташро паст мекунем. Баъд шакар ки об шуд маскаро меандозем, баъд кремаро илова мекунем омехта, ки шудан аз болои оташ мегирем карамелро як ҷушиш ки гузашт мерезем Агар хоҳед гул андозед бо крема, гул наандозед ҳам мешавад,

Смотрите также