#садои_тоҷик ҲАР КАСЕ ВАТАНДӮСТ АСТ ВА ЁДИ ЗОДГОҲ КАРДААСТ, ҲАТМАН ИН НАВОРРО ТАМОШО КУНАД.
МОЯИ ИФТИХОРУ ШАЪНУ ШАРАФ Имрӯзҳо дар як қатор муассисаҳои таълими олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон факултет ва гурӯҳҳои тоҷикӣ амал мекунанд. Аз ҷумла дар Донишгоҳи давлатии Фарғона гурӯҳи тоҷикии филология ва бозомӯзии забонҳо фаъолият дорад. Ба ин гурӯҳи Донишгоҳи давлатии Фарғона ҳар сол 25 нафар донишҷӯ (5 нафар бо гранти давлатӣ ва 20 нафар дар асоси шартнома) қабул карда мешаванд. Ҳоло дар ин донишгоҳ шогирдон аз устодони ботаҷриба таълиму тарбия мегиранд. Дар ин навор донишҷӯи курси якуми бахши тоҷикии Донишгоҳи давлатии Фарғона Фархунда Мандонова бо садои гӯшнавоз дар бораи Ватан суханони дилангез гуфтааст. Барои ҳамкорӣ ва бо умеди идомаву таҳкими ҳамкориҳо ба маъмурияти донишгоҳ изҳори миннатдорӣ мекунем.