#аҷиб ЧАРО ДОРУРО БО ЧОЙ ИСТЕЪМОЛ КАРДАН МУМКИН НЕСТ? Ё худ 7 қоидаи муҳимтарини нӯшидани чой
ЧАРО ДОРУРО БО ЧОЙ ИСТЕЪМОЛ КАРДАН МУМКИН НЕСТ? Дар ин рӯзҳои гарми тодистон новобаста аз гармии ҳаво аксари мо нӯшидани чойи гармакро дӯст медорем. Бубинед, ки чой ҳам қоидаҳои нӯшидани худро дорад ва инак мо ҳастем дар ин навор ба Шумо дар бораи чанд қоидаи муҳимтарини нушидани чой маълумот диҳем. ЧОЙИ СӮЗОНРО НАНӮШЕД! ЧУНКИ... Чойи аз ҳад зиёд гарм ба гулу, сурхрӯда ва меъда таъсири манфӣ дорад ва ҳангоми муддати зиёд истифода кардан, ин узвҳо ба касалӣ гирифтор мешаванд. Аз рӯйи тадқиқотҳо, истифодаи доимии чойи ҳарораташ аз 62 дараҷа боло ба бемориҳои гуногуни меъда оварда мерасонад. Беҳтар аст, дар вақти нӯшидан ҳарорати чой аз 52 дараҷа поён бошад. БО ШИКАМИ ХОЛӢ ЧОЙ НАНӮШЕД! Чойро ҳангоми гуруснагӣ нӯшидан мумкин нест. Махсусан, чойи сабз «миҷози хунук» дорад ва ба меъдаи холӣ ворид шуда, онро сард мегардонад. Аз қадим чиниҳо маслиҳат медоданд: «Бо шиками холӣ чой нанӯшед!». Дар Чин даҳҳо қоида ва санъати таҳияи чой ва пешкаш кардани он мавриди истифодаанд. ВИТАМИНҲОИ ДАР ТАРКИБИ ЧОЙБУДАРО КАМ НАКУНЕД! Чойро аз ҳад зиёд дам надиҳед. Агар чой бисёр истад, таркибаш вайрон шуда, таъму мазааш тағйир меёбад. Таъсири витаминҳои С, Р ва дигар моддаҳои фоидаовар, ки дар барги чой мавҷуданд, кам мегардад. Ҳамчунин, он дар натиҷаи бисёр истодан мумкин аст ба манбаи пайдоиши ҳашароти зараррасон табдил ёбад. БА БОЛОИ ШАММА ЧОЙ ДАМ НАКУНЕД Дар хотир доред, ки баъди дафъаи сеюму чорум болои шаммаи куҳна чой дам кардан дар баргҳои чой заррае чизе фоидаовар боқӣ намемонад. Таҷрибаҳо собит сохтанд, ки вақти чойдамкунии аввал оби ҷӯшида 50 фоиз моддаҳои фоидаовари чойро меҷабад, дафъаи дуюм ин нишондод ба 30 фоиз ва дафъаи сеюм ба 10 фоиз баробар мегардад. Агар навбати чоруму панҷум ҳам болои шамма чой дам кунед, хавфи ба моддаи зараровар табдил ёфтану пайдо шудани ҳашарот ба миён меояд. ЧОЙРО ПАС АЗ 20-30 ДАҚИҚАИ ИСТЕЪМОЛИ ТАОМ НӮШЕД! Чойро пеш аз истеъмоли таом нанӯшед. Он дар ин вақт ба узвҳои ҳозимаи инсон зарар мерасонад. Баъди тановули таом низ дарҳол пиёларо аз чойи гарм пур накунед. Ҳам чой ва ҳам дигар нӯшокиҳо дар чунин лаҳза ба суст гаштани кори узвҳои ҳозима сабаб мегарданду инсон худро беҳолу бемадор ҳис мекунад. Айни муддаост, агар шумо баъди хӯрокхӯрӣ 20-30 дақиқа сабр кунеду пасон чойнӯширо оғоз намоед. ДОРУРО БО ЧОЙ ИСТЕЪМОЛ НАКУНЕД! Ҳабби доруро ҳаргиз бо чой истеъмол накунед. Дар чунин ҳолат моддаҳои таркиби чой бо дору омехта гардида, таъсирнокии онро тамоман кам мекунанд. Бо назардошти ҳамин, табибони чинӣ мегӯянд, ки чой доруро нобуд месозад. ЧОЙИ ДИРӮЗМОНДА АЗ ҶАВҲАР ВА ФТОР БОЙ МЕГАРДАД Чойи аз рӯзи гузаштамондаро нанӯшед. Дар ин гуна чой баробари нобуд гаштани моддаҳои фоидабахш пайдоишу афзоиши ҳашароти зараровар эҳтимол дорад. Лек дар хотир доред, ки чойи дирӯзмонда аз ҷавҳар ва фтор бой мегардад, онро барои табобати узвҳои беруна истифода бурдан мумкин аст. Аз ҷумла, табибон онро воситаи хубе барои боздоштани хунравӣ медонанд ва барои чалқондани даҳони шамолкашида ва шифо бахшидан ба дарди забон тавсия медиҳанд. 👉👉👉 Таҳияи М.БАХТИБЕКОВА