Дарраи Пичандар. Pichandar Valley
Тоҷикистон бо табиати нотакрор ва мавзеҳои сайёҳии худ ҳар сол ҳазорҳо сайёҳро ҷалб мекунад ки дар он тамошои кӯҳҳои сарбафалок кашида, рӯдхонаҳои шафоф ва фарҳанги куҳан бо ҳам омезиш ёфта, хаёлоти афсонавии онҳоро ба воқеият табдил медод, зеро ҳар гушаи ватани мо барояшон гуворову беназир менамуд. Бештари сайёҳони хориҷӣ баъд аз омадан ба Тоҷикистони биҳиштосо, дидани манзараҳои дилфиреби кӯҳсор, ёдгориҳои бостонӣ ва расму оини миллии мардуми тоҷик хоҳиши дубора омаданро мекунанд. Яке аз ин мавзеъхои сайёҳи Пичандар мебошад ки дар ноҳияи Варзоб карор дорад. Баъд аз чанд лаҳзае сафари навбатии мо ба ин мавзеъ оғоз мегардад. Ҳангоми омодаги ба сафар сайёҳон оиди ин мавзеи сайёҳи суҳбат карда, маълумотҳои ҷолибу таърихии онро аз якдигар мегирифтанду миёни ҳам аз мавзеҳои зебои кишвари азизамон ки қаблан сафар карда буданд ёддовар мешуданд. Сафари мо ба самти мавзеи сайёҳии Пичандар оғоз ёфт ва аз ҳар маконе ки гузар мекардем, басо диданию ҷазоб буд, ки роҳбалад вобатса ба таърих ва ҳолати воқеии маконҳои тамошо шуда маълумот медод. Дар яке аз минтақаҳои ноҳияи Варзоб мо қарор гирифтем ва роҳбалад аз санги ғайри оддие ки дар ин макон ёфт мешуд, ба сайёҳон маълумот медод. Ин санг ба худ номи Флюоритро гирифта ки дар ҳақиқат ҳангоми ба он нигоҳ кардан ба мисли моҳ медурахшад. Иштирокчиёни хатсайр аз дидани ин ба ваҷҳ омада ба ҷустуҷуи санги Флюорит пардохтанд. Масофаи роҳ дар масири шаҳри Душанбе то ноҳияи Варзоб тақрибан 30 километр буда пурра асвалпуш карда шудааст. Табиат як омили муҳим бошад Истиклолияти давлатии мо ки наздик ба 35 соласт дар ин фазо тантана дорем паҳлуи дигарест, ҳар нафар метавонад дар фазои сулҳу ваҳдат аз имконоти сайёҳии кишвар истифода бурда ҳамзамон руҳияи ватандусти ва ғурури милли худро баланд бардорад. Иштирокчиёни хатсайр барои истироҳату фароғат ва омода намудани хуроки нисфирузи маконеро интихоб намуданд ки ҳавои хело соф ва муҳити ором атрофро фаро гирифта буд. Ойлаи Хайриддин Ҳайитов барои меҳмондори аз сайёҳони мо ба омода намудани оши бурида машғулгардид ва якчанд иштирокчиёни хатсайр низ ба у ёри расониданд. Оиди мавзеи сайёҳии Пичандар ки макони сайру сайёҳат барои сайёҳони дохиливу хориҷи кишвар ҳисобида мешавад яке аз сокинони ин деҳа Хайриддин Ҳайитов ба мо маълумот пешниҳод намуд.