G
enby!

#Эркин Одинаев/ Шеъри

ҒАМСАНҶАКЕ БИСОЗЕД... (Ба #модарам) Дигар касе намонда дар ошёни модар, Як-як ҳама бирафтанд аз остони модар. Шаҳбачаҳо мусофир – побанди шаҳри ғурбат, Шаҳдухтарони шаҳрӣ – дур аз ҷаҳони модар. Дар боми ноилоҷӣ, аз қасди интизорӣ, Нуре намонд боқӣ дар дидагони модар. Ҳарчанд хок гаштаст овони наврасиям, Аммо ҳамеша боқист дар ёдмони модар. Ғамсанҷаке бисозед, эй ихтироъкорон, То огаҳӣ биёбам аз дарди ҷони модар! Сад бор “ду” гирифтам аз фанни “очабонӣ”, Нагзаштам охир, эй вой аз имтиҳони модар. Сарҷамъ шуд парешон дар кӯчаҳои ҳиҷрон, Холисарост имрӯз ҷамъистони модар. #Шаҳриёри_ОЛИМИ

Смотрите также