Тақдими гранти Раиси вилоят ба бонувон боиси рушди ҳунармандӣ дар вилоят гардидааст.
Мардуми тоҷик аз қадим ба ҳунармандӣ таваҷҷӯҳи махсус дошта, ҳунарҳои халқӣ як рукни бузурги зиндагонии ниёгони моро ифода менамояд. Тибқи шаҳодати сарчашмаҳои таърихӣ мардумони ҳунарманд, косибону ҳунарварон растаҳои ҳунармандӣ бунёд карда, аз ин роҳ дар ташаккули унсурҳои фарҳанг нақши муассир гузоштаанд. Дар доираи татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, тавсеаи фаъолияти фарогири занону духтарон ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, рушди минбаъдаи ҳунарҳои аҷдодӣ, таъминот бо ҷойи кор, фароҳам овардани шароит ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҳунармандон ва соҳиби касбу ҳунар шудани аҳолӣ, бахусус занону духтарон ҳар сол грантҳои Раиси вилоят тақдим мегардад. Соли 2024 низ ба 60 нафар заноне, ки лоиҳаҳои пешниҳоднамудаашон ғолиб дониста шудааст, грантҳои Раиси вилоят супорида шуда, имрӯзҳо бонувон лоиҳаҳои худро дар маҳалҳо амалӣ месозанд.