G
enby!

Рӯзи Даъватшаванда дар ноҳияи Вахш. 01.10.2025

#Рӯзи_даъватшаванда_дар_ноҳияи_Вахш Дар ноҳияи Вахш чорабинии тантанавӣ бахшида ба рӯзи даъватшаванда бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Падару модарон, намояндагони касбу кори гуногун ва аҳли ҷамоатчигӣ ба гусели наваскарон ҷамъ омада буданд. Аз чеҳраи онҳо намоён буд, ки бо як хушнудӣ бо сари баланд фарзандони худро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон равон намуда, бовар доранд, ки амнияти онҳоро пурра таъмин менамоянд ва ин натиҷаи корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ва баланд гардидани маърифати ҳуқуқӣ ва Ватандӯстии шаҳрвандон мебошад. Нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар рӯзи аввал 109 фоиз иҷро гардид, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки родмардони ноҳияи Вахш дар ҳимояи марзу бум ва сарзамини аҷдодии худ ҳамеша омодаанд. Шараф ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали Артиш, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва родмардони далеру шуҷоъи Ватан.

Смотрите также