Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон истгоҳи обполоиро дар КВД «Обу корези Душанбе» ифтитоҳ намуданд
Ахбори Точикистон 15 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба марҳилаи дуюми истгоҳи обполоӣ ва обтаъминкунии «Худҷореъ»-и Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» оғози расмӣ бахшиданд. Тадбири мазкур дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чаҳорчӯбаи “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028” амалӣ гардида, ҷиҳати таъмини сокинони шаҳри Душанбе бо оби тозаи нӯшокӣ амалӣ гардидааст. Корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи дуюми истгоҳи обтозакунӣ 28 ноябри соли 2017 оғоз гардида, бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба стандартҳои замони муосир анҷом ёфт. https://khovar.tj/2020/01/prezidenti-...
ПОДПИСЫВАЕМСЯ НА КАНАЛ: ★ Telegram: https://bit.ly/2vheVeX
★ WhatsApp: https://bit.ly/2K9HghP
★ WebSite: https://bit.ly/2OmVA3m
#Tajikistan #Dushanbe #AkhboriTojikiston
Смотрите также
