Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи...
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи дониш 01.09.2019, шаҳри Душанбе Ҳамватанони гиромӣ! Омӯзгорону донишҷӯён ва хонандагони азиз! Имрӯз дар саросари кишвар соли нави таҳсил оғоз гардид, ки онро тамоми муассисаҳои таълимӣ бо дарси сулҳ шурӯъ мекунанд. Ба ин муносибат устодону омӯзгорон, донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ, падару модарон ва бахусус, кӯдаконеро, ки имсол ба боргоҳҳои маърифат қадами нахустин мегузоранд, табрик мегӯям. Ҳамчунин, сокинони кишварро ба ифтихори бузургтарин ва муқаддастарин ҷашни миллӣ — 28 — солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъди чанд рӯз таҷлил мегардад, самимона шодбош гуфта, барояшон саломативу сарбаландӣ орзу менамоям. Дар замони пуртазод ва зудтағйирёбандаи муосир нақши сулҳ ва пойдории он нисбат ба ҳар вақти дигар аҳаммияти хосса касб кардааст. Зеро сулҳу оромӣ муҳимтарин омили рушди аҳли башар мебошад. https://khovar.tj/2019/09/suhanronii-...
АМИТ «Ховар» ПОДПИСЫВАЕМСЯ НА КАНАЛ: ★ Telegram: https://bit.ly/2vheVeX
★ WhatsApp: https://bit.ly/2K9HghP
★ WebSite: https://bit.ly/2OmVA3m
#Tajikistan #Dushanbe
Смотрите также
