Сарвазири пешин Абдумалик Абдуллоҷонов чӣ мехост?
Абдумалик Абдуллоҷонов, сарвазир ва сафири собиқ, ҳамеша гуфтааст, ки дар интихоботи президентии соли 1994 дар Тоҷикистон ғалаба насиби ӯ гашта, вале натиҷаҳо дасткорӣ шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, гуё 79 дарсади интихобкунандагон ӯро дар мақоми президенти Тоҷикистон диданӣ шудаанд ва субҳи 6-уми ноябр баъзе аз сафирони хориҷии муқими Душанбе пирӯзиро ба ӯ табрик карда, ҳатто шабакаи "Маяк"-и радиои Русия ӯро ғолиб эълом доштааст, аммо...