G
enby!

Садриддин Айнӣ. Маълумоти мухтасари шарҳиҳолӣ

Садриддин Саидмуродзода Айнӣ дар деҳаи Соктареи ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухоро дар оилаи деҳқон таваллуд ёфтааст. Айнӣ асосгузори адабиёти навини тоҷик аст. Китоби дарсии «Таҳзиб-ус-сибён» (1909 - 1917), манзумаи тамсилии «Кирмак ва парвона» (1917), қиссаву романҳои «Ятим», «Дохунда», «Мактаби куҳна», «Mapги судхӯр» ва силсилаи очеркҳои ҳуҷҷатиаш доир ба қаҳрамонони халқи тоҷик дорои аҳамияти бузурги тарбиявӣ ва иҷтимоӣ буда, аз беҳтарин асарҳои ӯ ба шумор мераванд. Адабиётшиносии навини тоҷик ҳам аз нахустин асари тадқиқотии ӯ– «Намунаи адабиёти тоҷик», оғоз меёбад. Академик ва аввалин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, вакили Шӯрои Олии СССР, вакили Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон интихоб шуда буд. Ба гирифтани Мукофоти давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ордену медалҳои бисёр мушарраф гардидааст. Дар шаҳрҳои Душанбе ва Самарқанд осорхонаи Айнӣ дар хидмати халқ аст. Кӯчаҳо, мактабҳо, донишгоҳу пажӯҳишгоҳ ва ноҳияе дар ҷумҳурӣ номи Айниро гирифтаанд. Дар чандин шаҳру ноҳия ҳайкали ӯро гузоштаанд. Ҳамчунин дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҷоизаи адабие бо исми мубораки ӯст. Соли 1997 ба Садриддин Айнӣ аввалин унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд. Аз соли 1934 узви Иттифоқи нависандагон аст.

Смотрите также