G
enby!

"Теғи Сино" и устод Бозор Собир дар қироати Ортиқ Қодир

https://www.bozorsobir.com
https://www.bozorsobir.com/books
https://en.wikipedia.org/wiki/Bozor_S...
  / bozorsobir   ТЕҒИ СИНО Турку тозӣ ҳар куҷо даъвои Сино мекунад, То ба боми шуҳрати ӯ нардбон пайдо кунад, Лск Сино нардбонашро ба бомаш бурдааст, Турку тозӣ барҳадар ин турктозиҳо кунад. Аз азал дорӯи тоҷик решаи хор асту лек Бӯйи Сино мекунад ин халқ аз даври қадим, Метавонӣ аз забони пиру кампираш шунид: «Дасти ман не, дасти ман не, дасти Луқмони ҳаким!» Бӯалиро дӯш ин миллат ба даҳр овардааст, Чун пабудаш ғайри дарди бедаво нақди дигар, Иштизори нӯшдорӯ буд Суҳробаш ҳанӯз Дар сари дасти падар, хуншор аз дасти падар. Рум агар аз шохи Искандар фаромуш кард зуд, Дар Хуросон захми теғи шохдораш монда буд. Гар Қутайба аз Хуросон бозпас баргашту рафт, Дар Хуросон решҳои зулфиқораш монда буд. Қиссаи мурғи самандар пеши ман афсона нест, Саргузашти мардуми печидафарёди ман аст, - Он ки месӯзад, вале аз тӯдаи хокистараш Мекунад парвоз чун паррандаи оташпараст. Соате Маҳмуди саҳроӣ ба султонӣ расид, Дасти Сино то ба набзи Нӯҳи Сомонӣ расид, Зери дасташ балки набзи Нӯҳи Сомонӣ набуд, Номураттаб набзи асри хештанро мешумурд. Асри турку асри тозӣ буд асри Бӯалӣ, Асри шуми турктозӣ буд асри Бӯалӣ. Дар таги гарди саворон аз ватан овора гашт, Оқибат аз зиндагӣ дар гӯшаи зиндон гузашт... Соате Чингиз девори Бухороро шикаст, Дар миёнаш тир, теғи тези хунрезаш ба даст, Халқи тоҷик теғи дармонбахши Синоро гирифт, Теғи дармонбахши Сино рӯи дунёро гирифт. Бозор Собир Bozor Sobir, Бозор Собир, بازار صابر, Бозор Собір, Аз хуни Сиевушем, Сиявуш, Девори Бухоро, Оташи Зардушт, Дубора созамат Ватан, Ҷои ту холист, Ту ними мани, Дидори Ватан, ، ایران ، دوشنبه ، تاجیک ، تاجیکستان ، بازار صابر، زبان مادری ، تاجیکی ، دری ،شعر فارسی ، بخارا، سمرقند، تاجیک ، ، دوباره یسازمت وطن ، آتش زرتشت ، از آتش زرتشتیم ، خون سياوش ، استقلال ، استاد بازار صابر، از خون سياوشيم ، فارسی ، az khuni siyovushem dobara sazamat vatan atash zardosht Istiqlol istiklol dushanbe stalinabad bukhara farsi persian dari forsi iran persian poetry bozor sobir stalinobod samarkand тadzhikistan тadjikistan тоҷикистон бозор собир хуни сиевуш самарканд забони модарӣ бухоро озоди истиқлол персидский фарси бухара персидская поэзия истиклол истиқлолият ахбор забони модари новости таджикистан душанбе сталинабад чои ту холист кишлокаки ман буи чапоти дора точикистон

Смотрите также