G
enby!

#ФАРЁДИ_ЁДҲО " БА ИФТИХОРИ 65-СОЛАГИИ

1-уми октябри соли 2021 бо ташаббуси Муассисаи давлатии рӯзномаи "Файзи Зарафшон" дар Қасри фарҳанги ноҳияи Айнӣ маҳфили пуршукӯҳи шеъру суруд ба ифтихори 65-солагии шоири шаҳид ва шаҳири тоҷик Махсум Олимӣ таҳти унвони "Фарёди ёдҳо" баргузор гардид. Дар ин маҳфили хотирмон Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода, муовини якуми раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод, драматурги шинохтаи тоҷик Ато Ҳамдам, шоири ширинкалом Шаҳрия Аҳтамзод ва аҳли илму адаби ноҳияи Айнӣ ҳузур доштанд. Гардонандаи маҳфил Шоири халқии Тоҷикистон Озарахш бо сухани ифтитоҳӣ ба маҳфил оғоз бахшид. Суруду таронахониҳои Ҳофизи халқии Тоҷикистон Аслиддин Сатторов, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Хосияти Зарафшонӣ, Ҳунармади шоистаи Тоҷикистон Хурсандмурод Зарифов, овозхони шинохта Орзугул Хуҷамова ва ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳияи Айнӣ аз эҷодиёти Махсум Олимӣ ба маҳфил ҳусну таровати дигар бахшид.

Смотрите также