Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат ба фаъолияти боз як корхонаи саноатӣ – ҶДММ Зиннат Гач оғоз бахшиданд
26 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба фаъолияти боз як корхонаи саноатӣ – ҶДММ Зиннат Гач оғоз бахшиданд. Дар корхона бо истифода аз конҳои амалкунандаи ҳудуди шаҳри Ваҳдат гачкартон, ғуррагачҳо, ранг, намудҳои ширеши тахтасангҳои ба обу намнокӣ тобовар ва дигар молҳои ивазкунандаи воридот мутобиқ ба талаботи стандартҳои дохилу хориҷ истеҳсол карда мешаванд. Иттилоъ дода шуд,ки 75 дарсади ашёи хом аз дохили кишвар дастрас мегардад. ҶДММ Зиннат Гач бо тавлиди 14 номгӯи маҳсулот, аз ҷумлаи калонтарин корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Ваҳдат аст. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Ваҳдат #Вахдат #Vahdat President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube