10 МАКОНИ РУИ ЗАМИН КИ ОЛИМОНРО ДАР ХАЙРАТ ОВАРДААСТ! NECATOP
Даҳ макони рӯйи замин ки илм шарҳе барои он надорад : Салом ва ба як барномаи дигар аз канали Нека хуш омадед. Ҳатман дар бораи ҳафт мӯъҷизаи олам маълумот доред. Сохтаҳаи аҷибе ки бинандагонро дар ҳайрат мемонад. Дар дунёи мо маконҳое ҳам вуҷуд доранд ки олимону донишмандон дар бораи он ҷавоб ё шарҳе надоранд. Дар рафти барнома шумо бо даҳто аз ин гуна аҷоибот шинос мешавед. Аз деҳае ки сокинонаш ба шакли аҷибе мехобанд то тӯфони аҷиби раъду барқ дар Венесуэла дар охири барнома бошад бо обшори шайтон шинос мешавем ки ниме аз он маълум нест ба куҷо меравад. 10)Сокинони деҳаи Калачӣ дар Қазоқистон бо як бемории аҷибе рӯ ба рӯ ҳастанд. Шояд бовариятон наояд. Аммо онҳоро дар ҷояшон хоб мебарад. Ҳатто агар дар ҳоли ҳаракат бошанд ё машғули ронандагӣ. Ба ҷуз ин беморӣ онҳо эҳсоси шадиди хастагӣ ва ҳофиза доранд. Тасаввур кунед ки шумо ронандагӣ карда истодаед. Аммо яку якбора ба хоби чандрӯза меравед. Ҳатман медонед ки баъд аз ин чӣ хоҳад шуд. Ин беморӣ ҳам зану ҳам мард ва ҳам ҷавону ҳам пирро фаро гирифтааст. Давлати Қазоқистон ба сокинон эълон кардааст ки ҳарчӣ зудтар бояд хонаҳои худро тарк кунанд. Зеро олимон то ба ҳол далели ин чизро намедонанд. Аммо як вариант ин заҳрҳои радиоактивӣ буда метавонад. Дар наздикии ин деҳа як маъдани Уран воқеъ аст. Аммо дар таркиби хуни мардуми ин деҳа чизе аз радиоактив дида нашуд. Вале мардуми деҳаи ҳамсоя бо чунин мушкиле рӯ ба рӯ нестанд. Барои ҳамин посухе барои ин падида ёфт нашуд. 9)Ғалоғула яке аз мушкилоти асосӣ дар шаҳрҳои бузурги дунё ба ҳисоб меравад. Ҳатман овози гӯшхароши мошини алафдаравиро шунидаед. Ё замоне ки телевизиони шумо чизеро нишон намедиҳад. То замоне ки мо манбаъи ин овозҳоро наёбему онҳоро қатъ насозем ором намешавем. Гӯё ки мағзи сари мо худашро аз дарун хӯрда истодааст. Ҳарчанд хушбахтона ин овозҳоро камтар мешунавем. Дар яке аз шаҳрҳои штати Ню Мексикаи ИМА аз солҳои 90 уми асри 20 аст ки чунин садоҳое шунида мешавад. Садоҳое ки дар ҳама ҷойҳои шаҳр шунида мешавад. Олимон тайи се даҳсола аст ки кӯшиш мекунанд то манбаъи ин овозҳоро биёбанд. Вале ҳамаи ин кӯшишҳо то ҳол бенатиҷа мондааст. 8)Дар Ҷануби Африқо - дар кишвари Намибия доираҳои аҷибе ташкил мешаванд ки ба номи ҳалқаҳои афсонавӣ машҳуранд. То ҳол касе натавонистааст далели пайдоиши ин доираҳоро шарҳ диҳад. Ҳалқаҳое ки дар болои сабзаҳо ташкил шуда аз ҳамдигар ботартиб фосилаи якхела доранд. Диаметри ин давраҳо аз се метр то 20 метр мерасад. Олимон бо вуҷуди солҳо таҳқиқ натавонистаанд далели ташкили ин доираҳоро биёбанд. Ин ки чаро маҳз шакли доиравӣ на дигар шаклҳои геометрӣ? Фикрҳои гуногуне ки дар бораи ин ҳалқаҳо баён шудааст. Аз хоки радиоактивӣ гирифта то сангҳои осмонӣ ё одамони фазоиро ба инҷо нисбат додаанд. Аммо як донишманд соли 2013 пас аз шаш сол таҳқиқ ва 40 бор сафар ба Африқо ба хулосае омад ки пайдоиши ин доираҳо ба як навъ мӯрчае алоқаманд буда метавонад. Онҳо аз решаи гиёҳон истифода бурда тадриҷан ин доираҳоро эҷод мекунанд. 7)Дар ҷангалҳои боронии Амазон дар кишвари Перу дарёчае вуҷуд дорад ки аз шиддати гармо ба ҷӯшидан омадааст. Мардуми маҳаллӣ ба он дарёи ҷӯшида аз нури офтоб ном доданд. Ҳайвоноте ки ба дохили ин дарёча бияфтанд дар муддати чанд сония ба ҳалокат мерасанд. Ҳарорати миёнаи оби ин дарёча ба 91 ° С мерасад. Одатан обҳое ки дар канори вулқонҳо бошанд ин гуна гарм мешаванд. Вале ин дарёча аз вулқон 700 км дуртар аст. Ин чизест ки олимон то ба ҳ:ол чизе дар бораи он нагуфтаанд. 6) Дар кишвари Норвегия нурҳои шиноваре ба рангҳои зард сабз ва сурх шабонгоҳ дар фарози даррае намоён мешавад. Ин ҳолат аз чанд сония то як соат давом мекунад. Ин нурҳои дурахшон аз соли 1930 инҷониб дида мешавад. Яке аз гумонҳо ин аст ки дар назди ҳамин дарра як дарёи радиоактивӣ вуҷуд дорад. Аз ҳамин дарё зарраҳои радиоактивӣ хориҷ шуда рангҳои мазкурро ба вуҷуд меоранд. Аммо назарияи дигар вуҷуд дорад ки зарраҳои оҳан боиси ин гармӣ мешавад. Вале ин фикрҳо расман тасдиқ нашудаанд... ДУСТОНИ АЗИЗ АЗ ХАМАИ ШУМО ХОХИШ МЕКУНАМ КИ БА СУРОГАИ МАН СУХАНИ ЗИШ НАНАВИСЕД! ТАШАКУР БАРОИ ДИККАТАТОН!