"Писарамро маҷбур карданд, куштори Ленинро бар ӯҳда гирад"
Барои таҷлили Соли нав ба Душанбе омаданд ва ба шӯъбаи пулис афтоданд. Ба ҳар ҳол чунин аст иддаои як сокини шаҳри Норак, ки аз шиканҷа шудани якбора се писараш ба Доситонии кулл шикоят бурдааст. Нақли ин модар шунавандаро ваҳшатзада мекунад. Изи захмҳо дар рӯ ва бадани ду писари ин зан ҳанӯз намоён аст.Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ, шиканҷа дар ҳузури набераи хурдсолаш сурат гирифтааст. Эътилофи зидди шиканҷа мегӯяд,аз рӯйи шикояти ҷабрдидаҳо дар додситонӣ санҷиш шурӯъ шудааст. Зарангези Наврӯзшо ва Шаҳлои Абдулло мавқеъи шӯъбаи милисаро низ шуниданд.