G
enby!

Подкаст бо Хомидова Фарзона: Духтари Тоҷик Устои Ҳамакора дар Америка

AMERICAN DREAM Салом алекум дӯстон. Подкасти навбати “American Dream”-ро бо яке аз духтарони тоҷики муқими Амрико Хомидова Фарзона гирифтем, ки дар Амрико тамоми намуди корҳои мардонаро мекунад. Духтари тоҷик қулфу калид месозаду таъмир мекунад ва тамоми таҷҳизоти хонагӣ дар Амрикоро таъмир мекунад. Ва дар касби худ бениҳоят моҳир. Фарзона дар Амрико 2 сол мешавад зиндаги дорад. Ва алакай дар ин 2 сол ҷои худро пайдо карда ва бо касби дӯстдоштааш аз паси пайдо кардани рисқу рӯзи асту дар паи амали кардани орзуҳои худ ҳаракат дорад. Фарзона аз ҳаёти ду соли Амрикои худ нақл мекунаду ва як суҳбати хубе доштем, ки чи гуна ба Амрико омаду дар ин 2 сол чи корҳоеро анҷом додаасту ва барои чи касберо интихоб кард, ки одатан мардон анҷом медиҳанд. Симои меҳмон бо талаби худи меҳмон хира карда шудааст. Барои дастгирии канали мо ба мо обуна шаведу дар коментария чизе нависед ҳадди ақал + монед ҳам мешавад, ки барои пер рафтани канали мо кӯмак мекунад ва чиқадар метавонед наворро ба дӯстонатон расонед. Агар пешниҳод ё тавсия ва ё эроде дошта бошед дар коментария нависед ва ҳатман, ки мо онро мехонем. #DalerNazariNetwork #МуҳоҷириМуваффақ #Соҳибкорӣ

Смотрите также