АБДУМАЛИК шеъри БУЗУРГМЕХРРО МЕСАРОЯД
Ин шеър ба МОДАРОН ва ДУХТАРОНИ нозанин, ки дер ё зуд бо лутфи Илоҳ Модар шаванд, чун дуо армуғон мешавад. Туҳфаи мо дуост, ба қавли Бедили бузургвор: «Ҷуз дуо дигар чӣ ояд аз ману сомони ман?»… ДУО Аё модар, дилатро пора кардӣ, Фидо худро ба мо ҳамвора кардӣ. Суруди аллаат айни дуо буд, Дуоҳо дар сари гаҳвора кардӣ. Наҷуста дарду доғатро шифое, Ҳамеша дарди моро чора кардӣ. Гули нону намакро дода бар мо, Қаноат гаҳ ба як нонпора кардӣ. Ҷавониро ба мо мерос додӣ , Чу барги тирамаҳ рухсора кардӣ. «Сараш аз санг бошад», гуфта ҳар дам, Худои меҳрубонро зора кардӣ. Бузургмеҳри БАҲОДУР