Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи ноҳияи Нуробод бо лоиҳаи пули мошингузар шинос шуданд.
26 август сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба водии Рашт пас аз ноҳияҳои Тоҷикободу Рашт дар ноҳияи Нуробод идома ёфт. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз истиқболи самимии роҳбарият ва сокинони ноҳия нахуст бо лоиҳаи пули мошингузар шинос шуданд. Иншоот аз лиҳози тарҳу услуб бузургтарин пули мошингузар дар миқсёи ҷумҳурӣ буда, бо дарозии 920 метр ва паҳноии 15 метр сохта мешавад. Лоиҳа давоми 2 соли оянда татбиқ шуда, иҷрои он натанҳо воситаи ба ҳам пайвастани ду соҳили дарёи Сурхоб, балки аз лиҳози замина гузоштан ба истифодаи васеи имкониятҳои саноативу сайёҳӣ дар ташаккули иқтисоди миллӣ аҳамияти калидӣ дорад. Ташаббус ва иқдоми навбатии роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – бунёди бузургтарин пули мошингузар дар водии Рашт дар амалӣ гаштани яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ қадами устувор аст. Бунёди пули мазкур дар заминаи татбиқи марҳилаи сеюми Лоиҳаи роҳи Оби гарм – Нуробод ҷавобгӯ бо талаботи байналмилалии роҳсозӣ сурат мегирад.