Дар ноҳияи Кӯшониён корхонаи истеҳсоли мототсиклҳои дучарха ва сечархаи гуногун ба истифода дода шуд
7 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Кӯшониён ташриф оварданд. Нахуст Сарвари давлат бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ корхонаи истеҳсоли мотосиклҳои дучарха ва сечархаҳои гуногуни "Вахш Саноат"-ро ба истифода доданд. Корхонаи мазкур дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” бунёд шудааст. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхонаи истеҳсоли воситаҳои нақлиёти барқӣ дар масоҳати 15 ҳазору 325 метри мураббаъ бунёд шудааст. Корхонаи истеҳсолӣ аз сехи истеҳсоли қисмҳои оҳанини воситаҳои нақлёт, қитъаи ба шаклдарории маҳсулоти фулузӣ, қитъаи кафшергарию сайқалдиҳии фулузот, сехи рангубордиҳии қисмҳои оҳанин, қитъаи рангдиҳию хушккунии ҷузъҳои калонҳаҷм ва хурдҳаҷми фулузӣ, инчунин сехи васлу насби ниҳоии воситаи нақлиёт иборат мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватанӣ ва масъулини соҳа маслиҳат доданд, ки дар оянда то 90 дарсади таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётии нақлиёти барқиро дар дохили кишвар истеҳсол намоянд. Аснои шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин супориш доданд, ки 20 аробачаи маъюбӣ ба эҳтиёҷмандони ноҳия туҳфа намоянд. Дар ин ҷо ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи маҳсулоти истеҳсолшаванда муаррифӣ гардид. Дар корхана истеҳсоли зиёда аз 30 намуди чунин воситаи нақлиёт, аз ҷумла 5 намуд мотосикл, 6 навъ мотороллер, 15 хел скутерҳои дучарха ва 5 гуна сечарха ба роҳ монда шудааст. Иқтидори истеҳсолии корхона вобаста ба талаботи бозори дохилӣ дар як моҳ то 800 воситаи нақлиёт ва дар як сол 9 ҳазору 800 ададро ташкил медиҳад.