Саидмурод Давлатов “Мактаби Оксфорд”-ро дар шаҳри Хуҷанд бунёд кард
8 октябр дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти нахустин мактаби байналмиллалии типи нав – “Мактаби Оксфорд” оғози расмӣ бахшиданд. Бинои муассисаи таълимии “Мактаби Оксфорд” дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Саидмурод Давлатов бо сарфи 17 миллиону 695 ҳазор сомонӣ бо лоиҳаи ҷолиб, истифодаи тарҳу услубҳои миллӣ ва аврупоӣ, ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои байналмиллалӣ бунёд гардидааст. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои муассиса барои таҳсили 550 нафар хонанда, таълиму тарбияи 50 нафар кӯдаки синни томактабӣ дар як баст пешбинӣ гардидааст. Иншоот аз 2 бинои 4 ошёна, 36 синфхонаҳои таълимӣ, синфхонаю ҳуҷраҳои таълиму машғулияти томактабӣ, озмоишгоҳҳои фаннӣ, толори барҳавои маҷлисгоҳ, ошхона бо 200 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои корӣ, нуқтаи тиббӣ, китобхона ва толори хониш, толори варзишии пушида иборат буда, бо таҷҳизоту лавозимот, аёниятҳои мактабии ватанӣ ва хориҷии дорои сифату стандартҳои ҷаҳонӣ мучаҳҳаз карда шудааст.