G
enby!

Дар ин давлат камбағалон нестанд ва дари хонаҳо қулф надорад. Аз ҳама давлати бехатари дунё!

Имрӯз мо мехоҳем шуморо бо яке аз кишварҳои хушбахт, сарватманд ва мунодии сулҳу дӯстӣ шинос намоем. Ин ҷо ҳоло 80%-и заминҳо маскуннашуда боқӣ мемонанд. Дар ин давлат тақрибан пули коғазӣ истифода намешавад. Ҳанӯз 10 сол пеш аз ин 97%-и аҳолӣ ба интернет дастрасӣ доштанд. Ин ҷо на армия ҳасту на флот. Ҳангоми дар кӯча сайру гашт кардан метавон дарҳои кушодаи сокинонро дид, ки умуман маҳкам намекунанд. Ҳатто калиди автомобилҳоро аз мошин нагирифта онро ҳамту мегузоранд. Дар ин ҷо Макдоналдсу казино нест, аммо яке аз низомҳои пешрафтаи таҳсилотро метавон пайдо кард, ки барои хондан пул пардохт кардан лозим нест. Кишварро танҳо сарҳадбонон дифоъ мекунанд, полис бо худ яроқ надорад. Сокинон метавонанд ҳама вақт озодона дар кӯчаҳо сайру гашт намоянд. Мумкин ин ягона ҷойе дар дунё бошад, ки туристон озодона бе тарси аз даст додани пулу моли худ ва муҳимтар аз ҳама саломативу ҷонашон метавонанд дар маконҳои дастнорас низ палатка зананду истироҳат намояд. Об чунон тозаву пок аст, ки ба хонаҳо бе ягон филтратсияи пешакӣ аз ғализиҳо меояд. Тақрибан 100% аҳолии он саводноканд. Аз ҳисоби фурӯши китобҳо ба сари ҳар як сокини мамлакат ин кишвар дар ҷаҳон ба худ ҳамто надорад. Инак давоми 10 соли охир ин давлати муъҷизавӣ ба қатори кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид мешавад. Ин афсона ё тахаюли бофта нест, балки ҳақиқат аст. Кофист танҳо як бор дар ин ҷо буд ва ба осонӣ метавон дарк намуд, ки ин ҳақиқат аст.

Смотрите также