Хатсайри нав миёни ду шаҳри Тоҷикистону Эрон
Миёни шарҳои Душанбе ва Машҳад боз як хатсайри мустақими парвоз боз шуд. Дирӯз аввалин ҳавопаймои хурди ширкати Raimon Airways - Embraer ERJ бо 17 мусофир аз ин шаҳри Эрон ба пойтахти Тоҷикистон расид. Ин тамғаи тайёра дорои ғунҷоиши 45 мусофир будааст. Сафар тақрибан якуним соат тӯл мекашад. Чипта 110 доллар – муодили 1020 сомонӣ бо қурби ҷорӣ – арзиш дорад. Бояд гуфт, ҳоло миёни ин ду шаҳр ҳавопаймоҳои ширкати эронии Varesh Airlines низ парвоз мекунанд. Веб-сайт: https://asiaplustj.info
Facebook: / asiaplustj Instagram: / asiaplustj #точикистон #asiaplus