Меҳрангез Тағоева: Ба падарам мегӯям, ки ман пулҳои харҷкардаи шуморо бармегардонам
Дар шоу-барномаи "Имкон" мо бо овозхон - Меҳрангез Тағоева суҳбати ҷолибе доштем. Ин духтараи кӯҳистонӣ дар конверватория нозукиҳои операро меомӯзад. Дар ҳамин мусоҳиба меҳмони мо дар мавриди бозхонӣ, дастгириҳои волидон, рақобат дар олами санъату ҳунар, сабти клипҳо дар табиати зебои Тоҷикистон ва нақшаҳои ояндааш гуфт.