G
enby!

Э. Раҳмонов дар СММ аз маърифати ҳуқуқ гуфт, аммо дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ва саркӯб идома дорад.

Дар минбари Созмони Милали Муттаҳид Эмомалӣ Раҳмонов, соли маърифати ҳуқуқ таклиф кард, воқеият дар худи Тоҷикистон тамоман дигар аст. Қонунҳо мунтазам поймол мешаванд, ҳуқуқи шаҳрвандон маҳдуд гардида, фазои сиёсиву иҷтимоӣ танг аст. Беҳтарин фарзандони миллат — зиёиён, донишмандон ва шахсиятҳои озодандеш — ба ҷойи қадршиносӣ ва истифодаи нерӯи зеҳниашон барои пешрафти ҷомеа, ба зиндон андохта шудаанд ё маҷбур ба тарки кишвар гардидаанд. Ин дугонагии сухан ва амал, аз як тараф бо шиорҳои зебо дар сатҳи ҷаҳонӣ ва аз ҷониби дигар бо саркӯби воқеӣ дар дохили кишвар, нишон медиҳад, ки муборизаи ҳақиқӣ барои ҳуқуқи инсон,номус ва шараф ҳанӯз роҳи тӯлонӣ ва душвор дар пеш дорад.

Смотрите также