ACA 192 : Азам Гафоров vs Мхитар Барсегян / Арман Сарукян дар UFC мохи ноябр / Доробшо парвоз кард
Азам Ғафоров, варзишгари маъруфи тоҷик, ки бояд дар турнири ACA 192 дар Алмато бо Арен Акопян мухориба мекард , аз сабаби ҷароҳати ногаҳонӣ Акопян мухориба бекор гардид. Бояд гуфт ки чунин ҳолатҳо дар ММА бисер рӯй медиҳанд ва барои варзишгарон ин як чизи муаян аст. Ҳоло расман ба чои Акопян рақиби нави Азам , Мхитар Барсегян варзишгари арманӣ бо таҷрибаи бой эълон карда шуд . Барсегян одатан ҷангҳоро бодиққат пеш мебарад. Ӯ ҳар ҳаракат ва зарбаро бодиққат интихоб мекунад. Мхитар дар охирин ҷангаш бо Эмомахди Орзузода бо карори якдилонаи доварон пирӯз шуд. Ӯ тамоми се давраро таҳти назорат нигоҳ дошт ва бо зарбаҳои дақиқ рақибро мағлуб кард. Азам бошад, бо таҷриба ва фишори худ метавонад муборизаро ба фоидаи худ гардонад. Турнир 14 сентябр дар Алмато баргузор хохад шуд. Ба хар хол ба Азам мувафакиятро тамано мекунем. Агар хохед ки дар видеои навбати мо дар бораи варзишгарон малумоти бештар дихем пас дар видео лайк гузоред ! ——- Арман Царукян, варзишгари арманӣ дар UFC, қарор аст рӯзи 22 ноябр дар Қатар рақобат кунад. Ҳоло номи рақиби ӯ расман маълум нест, зеро то ҳол шартнома барои ҷанг имзо нашудааст. Аммо дар миён хабарҳо ҳастанд, ки эҳтимолан рақибаш Дэн Хукер хоҳад шавад. Арман ҳоло дар як силсилаи зебои чор ғалабаи пай дар пай қарор дорад. Дар охирин ҷангаш, ки моҳи апрели соли 2024 баргузор шуд, ӯ бо бразилияги Чарлз Оливейра рӯбарӯ шуд ва бо қарори доварон пирӯз гардид. Дар маҷмӯъ, Арман дар ММА то имрӯз 22 ғалаба ва 3 мағлубият дорад. Ин ҷанг на танҳо барои Арман, балки барои мухлисони MMA як сабқати пурҳаяҷон ва шадид хоҳад буд. Мо интизорем, ки рақобати ӯ бо рақибони нави пурқудрат боз ҳам шавқовар ва фаромӯшнашаванда бошад. ——- Доробшо Наботов дар историяи Инстаграмаш аксе нашр кард, ки дорад ба Германия парвоз мекунад. Бояд гуфт ки мухорибаи навбати у дар лигаи нав UFS (Ю ЭФ ЭС) хоҳад шуд . Рақибаш бошад Маурисио Оталора аз Колумбия мешавад . Мухориба рузи 6 сентябр барпо мешавад . Мубориза бо Маурисио Оталора — қадами хеле муҳим дар карьераи ӯ ба ҳисоб меравад. Ин варзишгари колумбиявӣ беш аз 48 набард дар сатҳи касбӣ пушти сар дорад ва бо устуворӣ, маҳорати кори наздик дар клинч ва қобилияти дигаргун кардани ҷараёни ҷанг машҳур аст. Барои Наботов ин ҷанг як санҷиши воқеӣ хоҳад шуд, то нишон диҳад, ки то чӣ андоза омодаи сатҳи баланди ташкилотҳои ҷаҳонӣ мебошад. Пирӯзӣ дар Ҳамбург метавонад ӯро боз як қадам ба дастрасии шартнома бо UFC наздиктар кунад ва таваҷҷуҳи дигар лигаҳои бузург, аз ҷумла PFL-ро низ ҷалб намояд. Ба Доробшо низ мувафакиятро тамано мекунем !