G
enby!

САРГУЗАШТ...ЗАНИ 100 СОЛА АЗ ХУҶАНД СИРРИ ДАРОЗУМРИЯШРО ГУФТ

Салом дӯстони гиромӣ. Рӯзу рӯзгоратон ҳамеша хуш бод. Мо кушиш мекунем дар ҳар барнома рӯзгори одамоне қисса кунем ки бо ин ё он ҷиҳат фарқкунанда ва ҷолиби диққат бошад. Албатта нақли ҳаёту зиндагии одамони асрдида, яъне садсола ё зиёда аз он барои мо ҳамеша шавқовар аст. Яке аз чунин шахсони кӯҳансол Саодат Каримбекова, сокини маҳаллаи Чорчароғи шаҳри Хуҷанд аст. Бибии Саодат солзоди худро ба давраҳои бесарусомонӣ рабт медиҳад. Ба гуфтаи ӯ дар он солҳо давраи беҳуқуқии занҳо ба авҷи аълояш расида буд. Бибии Саодат аз ҷавонӣ бо меҳнати ҳалол нон ёфтанро асоси зиндагӣ медонист ва пайваста фарзандону пайвандонашро насиҳат мекунад, ки азобу машаққат кашанд ҳам ҳамеша ба меҳнати ҳалол ру оранд. ---Саодат Каримбекова пири бадавлат аст. Имрӯз дар сояи давлати 8 фарзанд, 36 набера, 106 абера ва 25 чабера давраи пирӣ меронад. Озод Каримбеков писари хурдии ӯст. НАФАСИ Озод доштани модари 100 сола барои худу фарзандони падараш давлати бемисл медонад. Биёед азиз, наворро яко тамошо мекунем.... Бибии Саодат аз 100 солагӣ гузашта бошад ҳам мустақилона дар саҳни ҳавлӣ гаштугузор мекунад. Рӯзҳои офтобӣ ба кати рӯи ҳавлӣ баромада менишинад ва дасти дуо суи офтоб бардодошта мегӯяд: Худованд осмони диёри моро ҳамеша офтобӣ нигоҳ дорад.

Смотрите также